- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Табрикоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бахшида ба Соли нави 2021

Кормандони Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти зерсохтори Кумитаро бо фарорасии Cоли нави мелодии 2021 самимона табрику муборакбод менамоям.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии марказиву маҳаллӣ, тамоми ҷомеаи шаҳрвандии кишвар таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати бунёдкориву созандагиро бо ҳисси баланди масъулият дар назди имрӯзу фардои Ватани азизамон шарафмандона идома дода, барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва маънавию фарҳангии аҳолӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Тайи солҳои охир, чун дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, соҳаи ҳифзи муҳити зист низ ба пешравию устуворӣ ноил гашта, дар ҳифзу истифодабарии оқилонаи табиати биҳишосоямон саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.

Ҳамаи ин талошҳо баҳри ободию зебогӣ ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон буда, мо бояд бо фаъолияти самараноки худ онро тақвият бахшем.

Новобаста аз таъсири бемории сироятии COVID-19, кормандони соҳа ба он кӯшишу ғайрат кунанд, ки муҳити зисти ҳар як шаҳру ноҳия тозаю озода бошад.

Таманное онро дорам, ки орзую ниятҳои неки мардумамон ҷомаи амал пӯшанд, Ватани маҳбубамон боз ҳам ободу зебо гардад, дар фазои сулҳу оромӣ, якдиливу ягонагии миллӣ парчами истиқлолияти давлатӣ ҳамеша парафшонӣ кунад.

Бигузор Соли нави 2021, ки дар он 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, барои ҳар як корманди соҳа, наздикону пайвандонаш соли пурбарору пирӯзиҳои нав, амалӣ гаштани орзую ниятҳои неки созандагиву нерӯмандӣ гардад.

Бароятон тансиҳатӣ, саодатмандӣ, хонаободӣ, барори кору муваффақиятҳои кору зиндагиро орзумандам. Ҳамеша сарбаланду сарфароз бошед.

Соли нави 2021 муборак!         

Иловаи шарҳ