- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Мушаррафгардии сибиқадорони Кумита бо мақоми 3-юм барои дарёфти Ҷоми Александр Кирсанов

29 декабри соли 2020 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дастаи “Экология”-ро дар шахси сардори даста Расулзода Ҳамидҷон Ҳасан барои сазовр шудани даста бо медалҳои биринҷӣ табрик намуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 5 декабри соли равон мусобиқаи анъанавӣ оид ба футзал миёни собиқадорони синни аз 55 боло барои дарёфти Ҷоми АЛЕКСАНДР КИРСАНОВ байни дастаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида буд.

Дар ин мусобиқа бо мусоидати фаъоли Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва Иттифоқи касабаи Кумита дастаи футболи Кумита ширкат намуд.

Дар мусобиқаи мазкур 32 даста дар 4 баст иштирок ва сабқат намуда, хушбахтона дастаи собиқадорони синни аз 55 болои Кумита сазовори ҷоийи 3-юми ин мусобиқа гардид. Ҳамзамон сардори даста Расулзода Ҳамидҷон Ҳасан бозингари беҳтарини мусобиқаи анъанавӣ оид ба футзал миёни собиқадорони синну солашон аз 55 боло барои дарёфти Ҷоми АЛЕКСАНДР КИРСАНОВ гардид.

Ҳамаи бозингарон бо медали мусобиқа ва Ифтихорнома сарфароз гардонида шудаанд.

Иловаи шарҳ