- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

Санаи 28 декабри соли 2020 маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита оид ба натиҷагирии фаъолияти сохторҳои Кумита дар ҳафтаи аз 21 то 25 декабар ва вазифаҳо барои ҳафтаи навбатӣ баргузор гашт.

Дар маҷлис Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. суханронӣ намуда, масъалаи баргузории ҷаласаҳои ҷамъбастии сохторҳои тобеи Кумита  дар соли 2020 ба миён гузашта шуда, дар қарори  маҷлис тасдиқ гардиданд.

Раиси Кумита  Шерализода Б. А. оиди масъалаҳои таҳлил ва натиҷагирии воқеии ҳисоботҳо,  омодагии ҳамаҷониба ба ҷаласаи Мушовараи Кумита, иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои мушовараҳои қаблӣ,  вазифагузориҳо барои таҳияи Нақшаи чорабиниҳои соли 2021  ва дигар масъалаҳои  соҳавиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, баҳри таъмини иҷрои саривақтӣ ва пурраи супоришҳои мазкур ба масъулони соҳавӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир вобаста ба масъалаҳои рӯзнома қарори дахлдори маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита қабул карда шуд.

Иловаи шарҳ