- Муомилот бо партов, Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ «ТОЗАГИИ МАҲАЛ» ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷайҳун дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи ҳифи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Раёсати ҳифи муҳити зисти вилояти Хатлон   барои тозаву озода нигоҳ  доштани кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати сазовору хотирмон пешоз гирифтани ҷашни таърихи миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кучаву маҳалаҳои ноҳияи мазкур бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияви инчунин аҳолии маҳал аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва   баргузор намуд.

Дар  рафти акасияи мазкур  канори ҷуйборҳо кучаву маҳалаҳо  аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамзамон, гирду атрофи корхонаву ташкилотҳо аз ҳаргуна алафҳои бегона поккорӣ ва гирду атрофи дарахтони зебои шинонидашуда пурра нарм карда шуд.

 Ҳаминтавр дар натиҷа зиёда аз 15 м кубӣ  партовҳои  истеҳсолӣ  ва истеъмолӣ  ҷамоварӣ  шуда, тавассути  техника ба партовгоҳи расмии ноҳия  интиқол дода шуд.

Иловаи шарҳ