- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Баргузории аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Ҷайҳун

Санаи 18 декабри соли ҷорӣ дар деҳаи Истиқлол, Рӯдакӣ ва Ҷамоати деҳоти Панҷи  ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аксияи «Тозагии соҳил»   гузаронида шуд. Дар рафти баргузории аксияи мазкур, ки дар он заҳбуру заҳкашҳо, қубурҳои обгузар таза карда шуд, 180 нафар сокинони деҳаҳо  иштирок намуда, як адад техникаи махсус истифода карда шуд. Дар натиҷа ба дарозии 6300 метр соҳили  тарафи рости заҳбуру заҳкашҳо, аз  партовҳо тоза карда шуда, 1820 метри кубӣ партовҳои сахти маишӣ бароварда, партовгоҳи асосӣ интиқол дода шуд.

Дар ин бора аз Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷайҳун ба Маркази ахбори экологии Кумита иттилоъ доданд.

Иловаи шарҳ