- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Сафари кории Раиси Кумита ба ноҳияи Мурғоб

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  инчунин ҷиҳати таъмини иҷрои барқияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби  намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 18 декабри соли 2020 гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадзода Насрулло, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. ба ноҳияи Мурғоб  ташриф оварданд. Гурӯҳи корӣ бо сокинон ва фаъолони ноҳия оид ба омодагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи муҳтавои муроҷиатномаи Пешвои миллат оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, вусъати корҳои ободонию  созандагӣ, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ, омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз, таҳияи нақшаҳои дахлдор ҷиҳати баргузории озмунҳои фарҳангӣ, илмию фаннӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва ғайра вохӯриҳо баргузор намуданд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оид ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки тибқи супориши бевоситаи Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақсади сафари мо шиносоӣ аз вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, зиндагии сокинони ноҳия мебошад. Дар идомаи суханронӣ  Раиси Кумита Шерализода Б. А. арзу сипоси беандозаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.

Инчунин дар мавриди шиносоӣ бо вазъи иҷтимоии ноҳия бо мақсади таъмин намудани аҳолии ноҳия бо ангиштсанг аз ҳисоби маблағҳои махсуси  Кумита 158 тонна  ангишт ба оилаҳои ниёзманд дастрас гардид. Инчунин аз ҷониби Раиси Кумита Шерализода Б. А. ба 60 нафар оилаҳои камбизоат кумакҳои яквақта расонида шуда, муассисаҳои таълимии ноҳия бо шоҳмот таъмин карда шуданд. Ҳамзамон 3 нафар иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳар кадомашон бо маблағи 500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Раиси Кумита Шерализода Б. А. барои боз ҳам беҳтар намудани фазои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон барои сохтани дарвозаи даромадгоҳи шаҳраки Мурғоб ва фароҳам овардани дигар шароитҳои зарурии ба соҳаи сайёҳӣ масъулон дастуру супоришҳо доданд, аз ҷумла супориш дода шуд, ки бо мақсади ҳифзи озодапаланг дар ноҳия маркази нигоҳдории муваққатии ин ҷонвар сохта шавад.

Баъд аз шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинони ҷамоатҳои дурдасти ниҳияи Мурғоб ҷаласаи гурӯҳи  кории  Ҳукуматӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони ноҳия баргузор гардида, ҳамаи масъалаҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Иловаи шарҳ