Аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумита дар якҷоягӣ бо нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат бо мақсади иҷрои банди 3-и Протоколи №13-и маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита аз 22 апрели соли 2019 оид ба пешгирӣ намудани ҷамъоварии ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш ва хурданибоб дар ҳудуди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали “Ромит”-и ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуд.
Дар рафти гузаронидани корҳои назоратӣ мушоҳида карда шуд, ки дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Ромит-Ваҳдат нафарони алоҳида аз ҳудуди муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ба ҷамъоварӣ ва хариду фуруши гиёҳҳои шифобахш ва хурданибоб машғул мебошанд.
Дар натиҷа муайян карда шуд, ки қисме аз машғулбудагони ин кор бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ амал намуда, гиёҳҳои табиати мавзеъро худсарона ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои шаҳри Ваҳдат, Душанбе ва дигар ноҳияҳои тобеи марказ интиқол медиҳанд.
Оид ба ҷамъоварии ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш ва хурданибоб нисбати 11 нафар шахсони воқеӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба шуъбати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат фиристода шуд.
Ин гуна холатхо дар дигар нохияхои чумхури низ пинхони сурат мегирад. Шахрвандон бояд бо макомоти хифзи мухити зист хамкории зич дошта бошанд.
На танхо шахрвандон балки дигар кормандони сохторхои гуногун масъулият хист кунанд Масъалан Раисони бозорхо, чунки ин гуна конуншиканихо да бозорхо низ дида мешавад. Якчоя мухитро хифз кунем. Хифзи мухит, Хифзи Ватан аст!