- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Кумаки навбатии Кумита ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе

Баҳри амалигардонии ғамхориҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати расонидани ёрии моддӣ ба  шахсони ниёзманд, пирону барҷомондагон, нафарони маъюб  ва бесаробон дар арафаи Соли нави мелодӣ иқдоми навбатии Кумита пеш гирифта шуд.

Ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе 50 адад халтачаҳои дорои шириниҳои солинавӣ,  50 ҷуфт пойпӯши хонагӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.

Ҳамзамон ба миқдори 60  адад фурӯзонакҳои 13-16 w ва 30х30 (флакон) барои истифодабарии маъмурият ба мактаби мазкур  тақдим карда шуд.

Иловаи шарҳ