- Хабарҳо

Ҷамъбасти озмунҳои эҷодӣ дар шаҳри Кӯлоб

Чорабинии экологӣ дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №40 шаҳри Кӯлоб бо иштироки зиёда аз 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ   гузаронида шуд.
Хонандагоне,  ки дар ин чорабинӣ аз рӯи 6- номинатсия фаъолона иштирок карданд, бо туҳфа ва ифтихорномаи сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шудаанд.

Ташкил ва гузаронидани чунин озмунҳои эҷодии экологӣ байни насли наврас  ба баланд гардидани сатҳи маърифати экологӣ ва табиатдӯстии онҳо мусоидат мекунад.

Иловаи шарҳ