- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

21 декабр маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита доир шуд. Дар он фаъолияти сохторҳои Дастгоҳи марказӣ ва маҳаллии Кумита дар ҳафтаи аз 14 то 18 декабри соли 2020 баррасӣ гардид.

Тибқи масъалаи рӯзномаи маҷлис сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев А. оид ба фаъолияти мақомоти соҳавӣ бо назардошти ҳисоботи пешниҳодгаштаи онҳо баромад намуд.

Ҳамзамон сардорони воҳидҳои сохтории масъул оид ба фаъолияти самти пешбарандаи худ давоми ҳафтаи сипаригашта дар назди  муовини Раиси Кумита  Мавлодод А. М. ҳисобот доданд.

Дар маҷлис пас аз шунидани ҳисоботҳои масъулони соҳавӣ барои ҳафтаи навбатӣ ба сардорони воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарорҳои дахлдор қабул шуд.

Иловаи шарҳ