- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Мулоқоти роҳбари гурӯҳи корӣ, намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо сокинону фаъолони ҷамоатҳо ва деҳаҳои ноҳияи Мурғоб

Мулоқоти роҳбари гурӯҳи корӣ, намояндаи ваколатдори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва Раиси ноҳия Раҷабзода  Ҳусния  бо сокинону фаъолони ҷамоатҳо ва деҳаҳои ноҳияи Мурғоб баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ва вохӯриҳо бо сокинону  фаъолони ҷамоатҳо  ва деҳаҳои ноҳияи Мурғоб саломи самимона ва арзи сипоси Пешвои муаззами миилат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми мардуми баландкӯҳи ноҳияи Мурғоб расонида шуд.

Мардуми баландкӯҳи ноҳияи Мурғоб иброз доштанд, ки барои  пайгирии таъкидҳои  Роҳбари давлат  истифодабарии  сарфакоронаю оқилонаи қувваи барқро дар ҷои кору манзили зист  ба роҳ мемонанд. Мардуми баландкӯҳи ноҳияи Мурғоб барои истиқболи ҷашни  фархундаи 30-солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ободонию азнавсозиҳо  саҳми худро гузошта истодаанд.

Бо иштироки  роҳбари гурӯҳи корӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б. А.  3 нафар ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар қушунҳои сарҳадии ноҳияи Мурғоб барои  сарбозон хони  зиёфат ороста шуд. Ҳамчунин барои 60 нафар маъюбони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Мурғоб кумакпулии яквақта расонида шуд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шерализода Б. А. бо мақсади саривақт ва босифат анҷом додани сохтмони  иншоотҳои ҷашнӣ аз рафти кори иншоот дидан намуда, ба шахсони мутасаддӣ супоришҳо дод.

Иловаи шарҳ