- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Корҳои ободонию созандагӣ баҳри беҳдошти муҳити зист дар ноҳияи Варзоб

Барои боз ҳам зебову назаррабо гардидани ноҳияи хушманзари Варзоб аз ҷониби Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри беҳдошти муҳити зист пайваста ҳашару шанбегиҳо гузарони шуда истодаанд.  Аз ҷумла дар мавзеи Ҷангалаки саргаҳи ноҳияи Варзоб бо ҷалби сокинони ноҳия барои дар фасли тобистон бо об таъмин намудани ниҳоли дарахтони мавзеи мазкур   дар масоҳати беш аз 900 метр хати қубури об  кашонида шуд.

Корҳои ободонию хуррамгардонии муҳити зист дар ноҳияи мазкур бо ҷалби сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳар ҳафта гузаронида мешаванд. 

Иловаи шарҳ