- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

14 декабр маҷлиси навбатии Раиси Кумита баргузор гардид, ки дар он фаъолияти тамоми сохторҳои Кумита дар ҳафтаи аз 7 то 12 декабри соли  2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, натиҷагирӣ карда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Шерализода Б. А. ба сардорони воҳидҳои сохтории иштироккунанда барои ҳафтаи ҷорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мувофиқи масъалаи  мазкури рӯзномаи маҷлис Раиси Кумита  Шерализода Б. А., пас аз шунидани ҳисоботи таҳлилии масъули Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита, оид ба ҷамъбасти сазовори соли 2020  суханронӣ намуда, масъулон вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлатҳои муайянгардида ҳисоботҳои ҳамаи самтҳоро, бо назардошти таҳлили амиқ ва масъалагузориҳои мушкилоти ҷойдошта, ҷамъбаст карда пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон, дар маҷлис масъалаҳои дигари соҳавӣ низ мавриди таҳлилу баррасӣ ва вазифагузорӣ қарор дода шуда, оид ба ҳар як супориши додашуда қарори дахлдор қабул карда шуд.

Иловаи шарҳ