- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ — ПЕШГИРИИ ОБХЕЗИҲО

Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам аз деҳаи Обида Нӯъмоноваи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов   ва як қатор хоҷагиҳои деҳқонии дар соҳили дарёи Қаратоғ ҷойгиршуда  дидан намуд.  Дар ин замина раиси шаҳр  бо вазъи соҳил шинос шуда, бо масъулин вобаста ба иҷрои корҳои соҳилмкустаҳкамкунӣ машварат доир намуд.   
Тибқи маълумоти масъулини Идораи давлатии замин ва обёрии шаҳр  тайи чанд соли охир  ҳангоми боришот ва омадани селҳо об аз маҷро баромада,  ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинони маҳал   зарари моддӣ расонид.    
Раиси шаҳр  масъулинро муаззаф намуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор техникаҳои махсус ташкил гардида, дар мавзеъҳои осебпазир  бо иштироки  фаъолон ва сокинон  тавассути ҳашари дастаҷамъона корҳои соҳилмкустаҳкамкунӣ то давраи боришот  амалӣ гардида, хатари зарари обхезӣ бартараф карда шавад.

Иловаи шарҳ