- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Данғара

Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил» ва дар муҳити тозаю солим пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти «Тозагии соҳил»-ро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор гузаронид.        

Дар аксияи мазкур 180 нафар намояндагони кормандони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, аҳолии ҷамоати шаҳрак иштирок намуда, ду тарафи шафати шоҳроҳи мошингарди кӯчаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳракро тозаву озода намуданд. Дар ин баробарар ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда,  бехи дигар дарахтон аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза карда ва барои сарсабз намудан гирду атрофи ниҳолҳо нарм карда шуд.

Ҳамзамон мутахассисони шуъба оид ба моҳияти аксияи «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил», оид ба ниҳолшинонӣ ва сарсабзу хуррам намудани кӯчаву маҳаллаҳо ва роҳравҳо суҳбату вохӯриҳо гузаронида ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳифзу нигоҳубини навниҳолҳо ба аҳолӣ ва масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маслиҳатҳо доданд.

Иловаи шарҳ