- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар нуқтаҳои санҷиши техникӣ

Дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар нуқтаҳои санҷиши техникии шаҳрҳои Хӯҷанд, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

Дар рафти амалиёт 73 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, муайян гардид, ки меъёри стандартҳои давлатӣ вайрон карда нашудаанд.

Иловаи шарҳ