- Хабарҳо

Анҷоми “Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз»

Қабл аз анҷоми моҳи “Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз» санаи 18 ноябри соли 2020 дар меҳмонхонаи “Серена” дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ба Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), вазорату идораҳо, бонкҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иштирокдорони фаъоли чорабинии мазкур бо иштироки кормандони воситаҳои ахбори омма ҳамоиш баргузор гардид.

Зимни суханронӣ муовини Раиси Кумита Қиёмзода З. С. қайд намуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахши шарикӣ бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ тибқи уҳдадориҳои Созишномаи байналмилалии Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва Конвенсияи гуногунии биологӣ тӯли як моҳ аз 24 октябр то 21 ноябри соли 2020 “Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз» роҳандозӣ гардид.

Дар чорабинии мазкур як қатор тадбирҳои фосилавӣ, аз қабили мусобиқаҳои ҳунарӣ, викторинаҳо, силсилаи подкастҳо, муколамаи коршиносон, баҳсҳои зинда бо иштироки намояндагони идораҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ амалӣ гардиданд.

“Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” дар пояи эҷоди тафаккури пешрафта доир ба масъалаҳои муҳити зист, тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳон пешбинӣ гардида буд. Ҳадафи ташаббуси номбурда бо мақсади боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва огоҳӣ оид ба масъалаҳои мазкур буда, ба воситаи чорабиниҳои фосилавӣ дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он дастрас буд ва дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ҳаводорони зиёдеро пайдо кард.

Қобили таваҷҷуҳ аз баргузории моҳи экологӣ боз дар он буд, ки иштирокдорон бо фикру мулоҳизаҳои ҷолиб якдигарро мукаммал мекарданд ва саволҳои иловагӣ пешниҳод менамуданд ва фикри як иддаи онҳо ин буд, ки маблағгузорӣ наметавонад ҳамаи масъалаҳои мавриди назарро ҳал намояд. Бояд дар ин баробар ҳамкории зичи байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ зарур аст. Иштирокдорон пешниҳод намуданд, ки минбаъд ҳам таҳти иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон музокираҳои  судмандро идома диҳанд.

Дар охир, пас аз муколамаи байниҳамдигарӣ ва  натиҷагирӣ оид ба “Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” фаъолони иштирокчӣ  бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Иловаи шарҳ