- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Хазонсӯзӣ ва зарари он

Сӯзонидани хазонҳо, аз ҷумла барги дарахтон ва алафҳои хушкшуда ба саломатии инсон ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд.

Илми муосир исбот намудааст, ки партовҳои дар натиҷаи сӯзонидани хазонҳо бавуҷудомада дар таркибаш моддаҳои сахттаъсири зиёновар дошта, ба саломатии инсон ва дигар мавҷудоти зинда зарари ҷуброннопазир дорад. Мусаллам аст, ки имрӯзҳо фасли хазонрез буда, дар ҳамаи минтақаҳои аҳолинишин аз тарафи мақомоти марбута ҳамарӯза ҳаҷми муайяни хазонҳо ҷамъоварӣ карда мешаванд. Ҳамчунин, аз ҷониби аҳолӣ бо мақсади тоза намудани қитъаҳои наздиҳавлигӣ хазонҳо ва баргу пояи зироатҳои коридашуда ҷамъоварӣ мегардад. Баъзан ба чашм мерасад, ки аз ҷониби ьаъзе шаҳрвандон ва ё шахсони алоҳида хазонҳо, бо мақсади аз онҳо халос шудан, оташ зада мешавад, аммо ғофил аз он, ки онҳо бо ин амал ба саломатии худ, наздикон ва нафарони дигар чи гуна зиёд мерасонанд.

Бояд қайд кард, ки ҳангоми сӯзонидани хазонҳо қабати болоии он сӯхта, қабати миёна ва поёнии он пурра намесӯзад, ки дар натиҷа моддаҳои хатарнокро ба муҳит ихроҷ менамояд. Таркиби ин партовҳо аз пайвастагиҳои сурб, симоб, формалдегид, бензопирен ва дигар моддаҳои зиёновар иборат мебошад. Ин моддаҳо барои авҷ гирифтани бемориҳои роҳҳои нафас, аз ҷумла саратони шуш, астма, алергия мусоидат менамояд, ки табобати онҳо кори саҳл нест.

Ҳангоми сӯзонидани як тонна хазонҳо тақрибан 30 килограм партовҳои моддаҳои хатарнок ба ҳавои атмосфера партофта мешаванд. Ҳангоми парвариши зироатҳо ва нигоҳубини боғот дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ моддаҳои кимиёвӣ, аз ҷумла пеститсидҳо истифода карда мешаванд, ки дар баргу пояи растаниҳо боқӣ мемонанд. Дар вақти сӯзонидан ин моддаҳо низ ба партовҳои мавҷуда таъсири бештаре зам мекунанд. Ғайр аз ин, якҷоя бо хазонҳо баъзан партовҳои пластикӣ низ сӯзонида мешаванд, ки партовҳои хатарнокро ихроҷ менамоянд.

Аз ин лиҳоз, ба шаҳрвандони муҳтарам тавсия дода мешавад, ки хазонҳо ва алафҳои хушкшударо ҷамъоварӣ намуда, бо роҳи гӯркунӣ аз онҳо нуриҳои ба заминҳои кишоварзӣ манфиатбахш омода намоянд ва бо ин восита аз онҳо халос шаванд. Бо ин восита худ ва дигаронро аз таъсири зарарноки партовҳои заҳрнок ба ҳавои атмосфера ҳифз намоянд.

Иловаи шарҳ