- Хабарҳо

Вохӯрӣ бо маорифчиёни ноҳияи Ҷаббор Расулов

Мувофиқи нақшаи  пешбинигардида, рӯзи 16 апрел дар толори муассисаи таълимии №6-и ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри татбиқи босамари «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бо маорифчиёни ноҳия, аз он ҷумла директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фанни табиатшиносӣ, ки дар маҷмуъ 150 нафарро ташкил медод, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷӯиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои зарурияти тарбия ва маърифати экологии кӯдакону ҷавонон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ баромад намуд.

Дар рафти вохӯрӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои сершумори омӯзгорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Дар интиҳо ба китобхонаи шуъбаи маорифи ноҳия 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

 

Иловаи шарҳ