- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Вохӯрӣ бо Роҳбари намояндагии Созмони кишоварзӣ ва озуқавории СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гучгелдиев

3 май вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо директори Созмони кишоварзӣ ва озуқавории СММ ҷаноби Олег Гучгелдиев   гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ масъалаҳо оид ба амалигардонии Лоиҳаи идоракунии даврагӣ  ва нобудсозии заҳрхимикатҳои дорои моддаҳои устувори органикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирфтанд.

Мақсад аз амалисозии  Лоиҳа ин беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ аз таъсири  номатлуби пеститсидҳо ва заҳрхимикатҳои аз солҳои қаблӣ боқимонда мебошад.

Созишнома дар бораи амалигардонии лоиҳаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №517 қабул дониста шудааст.

Лоиҳаи мазкур дар кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Озорбойҷон амалӣ карда мешавад.

Иловаи шарҳ