- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз 16 ноябр дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ матни табрикотии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Раиси Кумита Қиёмзода З. С қироат намуд.

Қайд гардид, ки саҳми Сарвари давлат дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Дар таърихи тараққиёти ҳар мамлакату давлат давраҳои тақдирсоз ва гардишҳои ҳалкунандае рух медиҳанд, ки дар роҳи навсозиҳои ичтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии он инқилоби тафаккурӣ, худогоҳии миллӣ, рушду камоли миллат аҳмияти фавқулодаро соҳиб мешаванд. Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати устувор ва оянданигар, рушду камолоти давлат ва давлатдорӣ чунин давраи тақдирсоз буд. Ин Иҷлосияи тақдирсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бар сари қудрат овард, ки ин фарзанди фарзонаи миллат бо як ҷаҳон ақлу заковат, ҳиммату  хирад, ҷасорату диловарӣ ҳамаи ин вазифаҳои сангинро сарбаландона бар дӯши худ гирифта, дар сарнавишти давлату миллат ва эҳёи Тоҷикистони навин хизматҳои таърихӣ анҷом дода истодаанд.  

Дар маҷлиси тантанавӣ бузургтарин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мавриди таваҷҷӯҳи ҳозирин қарор дода шуд, ки кохи бегазанди онҳо  ин таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати комилан мустақили навин ва худшиносии миллӣ мебошад.  

Инчунин кормандони алоҳидаи Кумита ба сухан баромада, хизматҳои таърихии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду камоли мамлакат шоистаи таҳсин хонданд. Нотиқон таъкид доштанд, ки насли ҷавон бояд беш аз ҳарвақта огоҳ бошанд, ки барои расидан ба ин рӯзҳои нек миллати тоҷик  чӣ қадар монеаҳои сангинро паси сар намуд.  

Иловаи шарҳ