- Хабарҳо

Вохӯрӣ дар шаҳри Истиқлол

24 апрели соли 2019, мувофиқи нақшаи пешбинигардида, дар шаҳри Истиқлол баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бо намояндагони соҳаи маориф, кормандони корхонаву муассисаҳои дахлдор, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва аъзоёни комиссияи байниидоравии шаҳрӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, изҳори андеша карда шуд. Ҳамчунин дар бораи зарурияти тарбия ва маърифати экологии кӯдакону ҷавонон, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, муомилот бо партовҳо ва чораҷӯиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Чунин вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳонии табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла риояи талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Иловаи шарҳ