- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Оғози мавсими сабзкориву ниҳолшинонӣ дар шаҳри Душанбе

Имрӯз 14 ноябри соли 2020 дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бори нахуст аз Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  истиқбол намуда, бо иштироки бевоситаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Дастгоҳи марказӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, дар оғози мавсими тирамоҳи ниҳолшинонӣ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани симои пойтахти азизамон саҳми худро гузоштанд. Тасмим гирифта  шудааст, ки рӯзҳои наздик дар мавзеи мазкур ва дигар ҷойҳои муаяйнгардидаи шаҳри Душанбе, бо иштироки кормандони Кумита, 2500 бех навниҳолони навъи сӯзанбарг шинонида шавад.

Қобили зикр аст, ки чунин ташаббусҳои наҷибона аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, ҳамасола баҳри беҳдошту солимгардонии муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ бо иштироки доираи васеи шаҳрвандон дар мавсими ниҳолшинонӣ, ки аслан фаслҳои тирамоҳ ва баҳор амалӣ мегардад, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ миллионҳо бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуда, сарсабзию зебоӣ ва хуррамгардонии мамлакатро таъмин менамояд.

Иловаи шарҳ