- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Ваҳдат

Ҳафтаи равон дар шаҳри Ваҳдат аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат дар чорабинии мазкур беш аз 360 нафар сокинон иштирок намуда, 180 метр ҷӯйборҳоро  аз партов тоза намуданд ва 12м3 партовҳои ҷамъовардашуда  ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Корҳо оид ба солимнигоҳдории ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат идома дошта, ҳамзамон пешбурди назорати давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолии сокинон зери таваҷӯҳи шуъба қарор дорад.

Иловаи шарҳ