- Хабарҳо

Соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Деҳқонободи шаҳри Турсунзода

Дар деҳоти соҳилнишин  ва мавзеъҳои селгузари  шаҳри Турсунзода корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тибқи нақша муташаккилона идома дорад.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  имрӯзҳо дар мавзеи селгузари деҳаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Регар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар авҷ аст. Бо мусоидати шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода корхонаҳои коркарди регу шағал бо техникаи борбардору боркашон ҷалб гардида, корҳои бетонрезӣ тариқи ҳашари дастаҷамъонаи сокинон амалӣ шуда истодааст. То кунун  дар масофаи тақрибан 800 метр ҳудуди осебпазири селгузар девори бетонӣ бардошта, атрофи он мустаҳкам гардонида шуд.

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳоти соҳилнишини дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент низ идома дорад.

Иловаи шарҳ