- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси назоратии Раиси Кумита

9 ноябри соли ҷорӣ маҷлиси назоратии Раиси Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар моҳи  октябри соли равон ва вазифаҳо барои моҳи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Пас аз шунидани ҳисоботи масъули Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Қосимова Г.  Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон  оид ба самтҳои фаъолияти сохторҳо дар моҳи ҳисоботӣ таваҷҷӯҳ намуда, сабабҳои  нокифоя будани нишондодҳои баъзе шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро дар самтҳои пешбурди назорати давлатӣ аз масъулон пурсон шуд. Қайд карда шуд, ки нишондиҳандаҳои шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Мастчоҳ, Куҳистони Мастчоҳ, Гулистон, Истиқлоли вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Фархор, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалики  вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Хоруғи  ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ҳисор, Шаҳринав,  Сангвор моҳи октябр дар муқоиса ба моҳи қаблӣ паст мебошад. Дар ин росто супориш дода шуд, ки аз шуъбаҳои назорати давлатии Дастгоҳи марказии Кумита барои расонидани ёрии амалӣ кормандон ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти назоратӣ ба шаҳру ноҳияҳои болозикр сафарбар карда шаванд. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ, шуъбаҳои назоратии Дастгоҳи марказии Кумита ҳамкориро ба раёсатҳо шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти маҳаллӣ боз ҳам ҷоннок намуда, аз натиҷаи фаъолияти ҳарҳафтаинаи онҳо маълумоти таҳлилӣ пешниҳод намоянд.  

Ҳамзамон пешниҳодҳои санадҳои зерқонунӣ дар таҳияи Кодекси экологӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои додашуда, мактубҳо, дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор, рафти иҷрои пайвастшавии Ҳукумати электронӣ дар Кумита, муқоисаи ҷадвалҳои ҳисоботи ҳафтаина бо моҳонаи мақомоти маҳаллӣ,  интизоми меҳнат ва дигар масъалаҳои марбутаи  соҳавӣ мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, ба масъулини иҷро оид ба дуруст ба роҳ мондани тартиби корбариву коргузорӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бо назардошти баррасии масъалаҳо, пешниҳодҳо  ва супоришҳои аз ҷониби Раиси Кумита додашуда дар ҳамаи самтҳои фаъолияти Кумита қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.

Иловаи шарҳ