- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид

Ба истиқболи 30- солагии ҷашни Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Чайҳун корҳои созандагию ободонӣ ва тозагии муҳити зист мунтазам идома дорад.    

Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Чайҳуни вилояти Хатлон  дар ҳудуди  ноҳия бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, шуъбаю бахшҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ   аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид.  Дар натиҷа кӯчаҳои  шаҳрак аз партовҳо пурра тоза карда шуда, дарахтони сояафкани бисёрсола ба таври буриши санитарӣ ба тартиб дароварда шуданд. Дар дигар  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ баргузории чунин аксияҳои экологӣ ва шанбегиҳо идома доранд. 

Иловаи шарҳ