- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Ҷамъомати тантанавӣ бахшида Ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 октябри соли ҷорӣ дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Муовини Раиси Кумита Қиёмзада Зарафо матни табрикотии Раиси Кумитаро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қироат намуд. Дар ҷамъомад қайд гашт, ки риоя ва татбиқи Конститутсия вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Дар ҷомеа, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҳифзи табиатро аз ҷониби тамоми аҳолии ҷумҳурӣ ба танзим медарорад, тамоми боигарии табииро моликияти истисноии давлат эълон кардааст ва барои иҷрои он қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва амалӣ гашта истодаанд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ алоҳида кормандони Кумита баромад намуда, зимни изҳори табрикоту таманниёти хеш зикр доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шиносномаи миллат барои ҳар як соҳибватан санади муқаддас ва арзишманд маҳсуб шуда, яке аз Конститутсияҳои беҳтарин дар байни Конститутсияҳои кишварҳои ҷаҳон эътироф гардидааст.

Ёддовар мешавем, ки 6 ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ таҳия гашта, тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки он дар таърихи навини давлатдории кишварамон яке аз  воқеаҳои сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. 26 сентябри соли  1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016  тавассути райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки он ба нафъи тамоми мо равона гардидааст.

Иловаи шарҳ