- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати шаҳраку маҳаллаҳо, тоза намудани назди хонаҳои баландошёна ва сарсабз нигоҳ доштани ҳудуди ташкилоту идораҳо дар доираи иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.01.2020, №7 бо дастури Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид.

Тибқи иттилои Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе аксияи экологӣ бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар шаҳраки ҳарбиён гузаронида шуда, ҳудуди шаҳрак аз партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуд. Ҳамзамон тавассути техникаҳои махсуси партовҷамъкунӣ қитъаи замини бекорхобида, ки дар он ҷо партовҳои сохтмонӣ ҷойгир шуда буданд, бартараф карда шуд.

Мутобиқ ба Нақша-чорабиниҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва Исмоили Сомонӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои Машъал, Ховарон, Нодира, Куҳдоман, Дӯстии халқҳо, Д. Барно, Аҳрорӣ, Дарвоз, Бадахшон, Сари осиё, Зарафшон, Дӯстӣ, Чортут, Шафақ бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ аксияи «Тозагии маҳал» роҳандозӣ гашта, гирду атрофи шаҳраку маҳаллаҳо аз партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуд.

Бо дастури Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе партовҳои сахти маишӣ, ки 74 м3 ташкил дод, тавассути техникаҳои махсуси партовкашонӣ ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд. Мутобиқ ба дастури мақомоти шаҳрдорӣ то охири соли ҷорӣ ҳар шанбе дар ҳудуди ташкилоту муассисаҳо, идораҳо ва шаҳраку маҳаллаҳо ҳашарҳои дастаҷамъона гузаронида мешавад.

Қобили қайд аст, ки иштироки фаъолонаи кормандони ташкилоту муассиса, идора, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳо дар аксияҳои экологӣ ва ҳашарҳо ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштаи вазъи экологӣ, баланд гардидани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ нақши муҳим бозида, ба ин тартиб солимгардонии муҳити зист ва амнияти экологӣ таъмин мегардад.

Иловаи шарҳ