- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Табрикоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони Шерализода Б. А. бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкорони азиз!

26 сол қабл аз ин, 6 ноябри соли 1994, аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳия гашта, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки он дар таърихи навини давлатдории кишварамон яке аз воқеаҳои сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.

Ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сатҳи давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва вањдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Риоя ва татбиқи Конститутсия вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Дар ҷомеа, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҳифзи табиатро аз ҷониби тамоми аҳолии ҷумҳурӣ ба танзим медарорад, тамоми боигарии табииро моликияти истисноии давлат эълон кардааст ва барои иҷрои он қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва амалӣ гашта истодаанд.

Тамоми кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дўстдорони табиатро бо Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҳикистон табрику муборакбод намуда, барояшон сулҳу субот, некӯаҳволӣ, хонаободӣ, муваффақиятҳои фаъолияти корию зиндагиро таманно менамоям.

 

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Иловаи шарҳ