- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Турсунзода ба хотири ҳифзи муҳити зист аз офатҳои табиӣ

Аз ҳудуди шаҳри Турсунзода дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент ҷорӣ гардида, деҳоти соҳилниши он беш аз 20 деҳаро дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз масъалаи соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳр аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳамасола бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, инчунин  бо иштироки аҳолӣ, корхонаҳои коркарди регу шағал, соҳибкорон ва моликони техникаҳои боркашу борбардор  дар мавсими пастшавии маҷрои об корҳои дастаҷамъонаи соҳилмустаҳкамкунӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

 Соли ҷорӣ чунин чорабиниҳо аз нимаи дуюми моҳи октябр оғоз гардида, дар як қатор деҳоти соҳилнишин дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ, Работ, Ҷӯра Раҳмонов, Турсун Тӯйчиев ва 10-солагии Истиқлолият ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор гардид. Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда  дамбаҳои харобгардида барқарор гардида,  дар соҳилҳои дарё ба масоҳати 2000 метр бетонҳои мукааб хобонида шуд ва 2 пули мошингузар таъмир гардид.

Инчунин корҳои таъмирӣ ҷиҳати пешгирии шусташваии  соҳил дар селпартоҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Регар дар масоҳати 1500 метр ба анҷом расонида шуд.

 Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳоти соҳилнишин муташаккилона идома дорад.

Иловаи шарҳ