- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

ТАЪМИНИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР ДЕҲАИ АҲОРУНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар доираи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” ва Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Аҳоруни ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода барои 300 хоҷагӣ, ки беш аз 1000 нафар аҳолиро дарбар мегирад, хатти оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ҳадафмандона амалӣ гардида истодааст.

Боиси қайд аст, ки хатти мазкур аз масофаи 3500 метр бо қубури қутри 90 мм кашида шуда, анҷоми корҳо бо ҳашари дастаҷамъонаи сокинони деҳа сурат гирифт.

Аз ҷониби мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода дар байни аҳолии деҳа вобаста ба истифодаи самараноку ҳифзи манбаъҳои обӣ, насби ҳисобкунакҳо  зимни истифодаи об ва риояи маърифати экологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён гирифта истодааст.

Иловаи шарҳ