- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби оммаи васеи сокинон дар шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» баргузор  гардид.

Дар аксия кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва аҳолӣ, беморхонаҳои касалиҳои дил ва физиотерапевтии Ҷумҳуриявӣ, кӯдакистони Президентӣ, Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд ва сокинони кумитаи маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбон» дар ҷамъи 460 нафар иштирок намуданд. Дар рафти аксия обутобгоҳҳои соҳили чап ва рости шаҳри Хуҷанд, худуди маҳаллаҳо, қади роҳҳои мошингард, ҷӯйборҳо, соҳилҳои дарё аз ҳама гуна партов, алафҳои бегона ва қамишҳо тоза карда шуда, партови ҳосилшуда аз тарафи КВДК «Хизматрасони нақлиёти санитарӣ» ба партовгоҳи умумишаҳрӣ бароварда шуд. 

Баргузории чунин чорабиниҳо барои ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Иловаи шарҳ