- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Баргузории амалиёти «Ҳавои тоза» бо таҷҳизоти нав

Бо мақсади пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера, аз он ҷумла ихроҷи моддаҳои зараровар аз воситаҳои нақлиёт, аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд як адад таҷҳизоти тамғаи МЕТА «Дымомер» 01МП-ро барои дудченкунии нақлиётҳои, ки бо сӯзишвории дизелӣ кор мекунанд харидорӣ карда шуд.

Мутахассисони шуъбаи назорати таҳлилии раёсат якҷоя бо нозирони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи нақшаи пешбинигардида амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Дар давоми амалиёт 8 адад нақлиёти махсуси корхонаи партовкашони шаҳри Хуҷанд, 12 адад автобуси мусофиркашон ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ 25 адад нақлиёти боркашони калонҳаҷм, дар маҷмӯъ 45 адад нақлиёти гуногунтамға, ки бо сӯзишвории дизелӣ кор мекунанд аз ченкунӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷаи муайян намудани дараҷаи ифлоскунии ҳавои атмосфера бо партови моддаҳои зараровар аз нақлиётҳои мазкур ошкор гардид, ки дар баъзеи онҳо партовҳо аз меъёр зиёд ихроҷ мешаванд ва нисбати 4 нафар ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Харидорӣ намудани таҷҳизоти нави дудченкунии нақлиёт минбаъд барои бо пуррагӣ фаро гирифтани ченкунии ихроҷи партовҳоро ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёти ҳам бо сӯзишвории бензину гази моеъ ва ҳам дизелӣ фаъолияткунанда мусоидат менамояд.

Иловаи шарҳ