- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Тамошои дастаҷамъонаи маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумита

30 октябри соли равон, дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Кумита тамошои дастаҷамъонаи маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30 октябри соли равон баргузор гардид, доир шуд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 11 октябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ин чорабинии муҳимтарини сиёсӣ кулли мардуми кишварамон, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок намуда, ба номзади шахси арзандаи худ овоз доданд. Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот беш аз 90 фоизи овозҳоро ба даст оварданд, ки ин далели эътимоди бузург ба ӯст.

Президенти кишвар дар суханронии худ дар маросими савгандёдкунӣ ба мардум барои боварӣ изҳори ташаккур намуда, омодагии худро барои хидмат ба халқи худ иброз доштанд.

Иловаи шарҳ