- Хабарҳо

Фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”

Бо дастгирии Кумита дар Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” таъмини воситаҳои назоратӣ ва шароити корӣ марҳила ба марҳила беҳтар гардида, дар доираи кумакҳои техникӣ 1 адад автомашинаи хизматии тамғаи ВАЗ НИВА-2114 барои роҳҳои душворгузар ва хатсайрҳои баландкӯҳ, сару либоси соҳавӣ ба сармуҳофизони мамнӯъгоҳ ва дигар таҷҳизотҳои зарурӣ ба мамнӯъгоҳи табиии давлатии “Зоркул” таъмин гардид. Ин иқдом дар таъмини фаъолияти назорати давлатӣ ва рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда нақши беандоза дорад.

Фароҳам овардани чунин шароит ба кормандони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда имкон медиҳад, ки барои таъмини назорати давлатӣ оид ба ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвонот ва афзунгардонии захираҳои гуногунии биологии Тоҷикистони азиз тамоми донишу таҷрибаи худро дареғ надошта, дар рушди ватани маҳбубамон саҳмгузор бошанд.

Иловаи шарҳ