Дар шаҳри Гулистон, санаи 22 октябри соли равон дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамкорӣ бо Филиали Ассотсиатсияи «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» ҷаласаи 12-уми Муколамаи ҳавзавии Сир оид ба «Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об» дар ҳавзаи дарёи Сир бо риояи талаботи санитарӣ – гигиенӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ислоҳоти соҳаи об, лоиҳаи «Нақшаи истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ қисмати Тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Сир», масъалаҳои вобаста ба таъсиси Шӯрои ҳавзавии дарёи Сир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.














