23 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки 50 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷамоатҳои маҳаллӣ конфронси амалӣ доир гардид. Конфронси мазкур аз ҷониби Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамбастагӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба Рӯзи ҳифзи бабри барфӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар конференсия 5 руйнамову (презентатсияҳо) маърӯзаҳо доир ба ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои Бабри барфӣ, намудҳои шикории он, методу усулҳои мониторинг ва назорати экосистемаҳои он бо истифода аз технология ва таҷҳизотҳои замонавӣ, ҳолати ҷангалҳои баландкуҳ, чарогоҳҳо ва роҳҳои барқарор намудани онҳо, омӯзиши Бабри барфӣ ва қавигардонии иқтидори ҷомеаҳои маҳалӣ ва тарафҳои ҳавасманд, лоиҳаҳои хурди грантӣ, наворҳои видеоӣ ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии устоворӣ пешниҳод гардиданд.
Дар конференсия сардори Раёсати корҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсупов Ҷумахон аз номи роҳбарияти Кумита суханронӣ намуда, доир ба сиёсати экологии кишвар дар самти ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ ва муҳити зист, ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист ибрози андеша намуд. Қайд гардид, ки доир ба ҳифзи экосистемаҳои Бабри барфӣ ва намудҳои шикорӣ аз тарафи Куимта як зумра Созишномаҳо ба имзо расонида шудаанд, ки барои ҳифзи экосистемаҳо ва намудҳои нодир набототу ҳайвонот ва анвои гуногунии биологӣ мусоидат менамоянд.
Кормандони Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ, Маркази милли амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва Лабораторияи имлӣ тадқиқотии ҳифзи табиат доир ба дастовардҳо дар самти ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он, барқарорсозии ҷангалзорҳо ва чарогоҳҳо, натиҷаҳо ва таҷрибаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ бо презентатсияҳо ва маърӯзаҳо баромад намуданд.
Аз тарафи ҳамшарикони лоиҳа доир ба корҳои амалигардида ва натиҷаҳои бадастомада, дар самти ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он як зумра баромаду таклифҳо карда шуданд. Инчунин дар конфронс дастовардҳои лоиҳа дар шакли китобу, албомҳо, мусаввараҳо, таҷҳизотҳои нозирӣ дар намоишгоҳ ба маърази тамошои иштирокчиён гузошта шуд.
Дар хотимаи конференсия ҳамшарикони пешқадами лоиҳа барои саҳми арзандаашон дар пешбурди корҳо ва ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар номинатсияҳои ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он, ташфиқоту таблиғот, баланд бардоштани огоҳӣ ва маърифатнокии аҳолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи энергия бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.














