- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Маҷлиси навбатии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҳифзи муҳити зист

21 октябр дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Дар маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино  Файзуллозода Заррина Файзулло ва мудири Шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Нуров Маҳманазар ва аъзоёни ҳизби Ташкилоти мазкур  иштирок намуданд.

Маҷлисро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оғоз намуда, суханро ба Заррина Файзуллозода Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Файзуллозода Заррина Файзулло дод.

Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳо оид ба таъин намудани Раиси нави ҳизби Ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҳифзи муҳити зист ва пешбарандаи фаъолияти ташкилоти ҳизбии мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҷлис бо пешниҳод ва овоздиҳии аъзоёни ташкилоти мазкур Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шерализода Б. А. Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҳифзи муҳити зист ва сардори Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби Кумита Шерализода Н.  муовини Раиси Ташкилоти мазкур таъин карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки аъзои ҳизби номбурда дар ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва саҳмгузорӣ дар чорабиниҳои оммавӣ, солимгардонӣ, ҷашнҳои миллӣ ва дигар корҳои ҷамъиятӣ баҳри боз ҳам рушду шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб фаъолияти пурсамар доранд.

Иловаи шарҳ