- Хабарҳо

Амалиёти «Кўкнор — 2020» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Санаи 10 октябри соли равон нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят якҷоя бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд амалиёти муштараки «Кукнор-2020»-ро баргузор намуданд. Дар рафти амалиёт минтақаи «Тиллотепа»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо пуррагӣ аз назар гузаронида, дар натиҷа беш аз 8 ҳазор бех растании нашъадори намуди бангдонаи худруй дарёфт ва бартараф гардонида шуд.

Иловаи шарҳ