- Хабарҳо

Рўзи парандагон дар шаҳри Душанбе

Бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи парандагон чорабинӣ доир гардид.
Дар оғоз, Оқилбой Дўстмаҳмад, сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, афзуд, ки ҳамасола вобаста ба Рўзи парандагон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои зертобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ мегарданд.
Тибқи иттилои мавҷуда, дар олам зиёда аз 9 ҳазор намуди парандаҳо мавҷуд аст, ки ба 35-40 гурўҳ ҷудо мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 385 намуд парандаҳо арзи ҳастӣ доранд, ки шомили 16 гурўҳ мебошанд.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ ва афзун намудани олами парандагон тадбирҳои зиёдеро меандешад. Зеро дар китоби Сурхи Тоҷикистон 25 намуди парандагон дар ҳолати маҳвшавӣ қарор дошта ворид карда шудаанд.
Баъдан, хонандагон ба гурӯҳҳои Товус, Булбул, Калибр ва Уқоб тақсимбандӣ гашта, ҳар нафар дар бораи тарзи ҳаёт ва чи тавр рўзгузаронии ин парандаҳо маълумоти васеъ доданд. Дар идомаи чорабинӣ хонандагон аз ҳаёти олами парандаҳо маълумотҳои ғайриоддиро манзури ҳозирин гардониданд.
Дар анҷом, Толибов Абдумаҷид, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чорабиниро ҷамъбаст намуда, таъкид намуд, ки муассисаи номбурда дар риштаи экологӣ фаъолият намуда, дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар самти баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии хонандагон конфронс, викторина ва семинарҳои экологиро пайваста роҳандозӣ намуда истодааст. Дар оянда низ чунин ҳамкориҳо вусъат меёбад.

Иловаи шарҳ