- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Амалиёти назоратӣ оид ба ҳифзи олами набототу ҳайвонот дар шаҳри Ваҳдат

Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ аз ҷониби шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумита, дар якҷоягӣ бо масъулони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат оид ба самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ дар шаҳри Ваҳдат як қатор чунин амалиёт гузаронида шуданд.
Ҳангоми азназаргузаронӣ дар ҷамоати деҳоти Ромит ва Симиганҷи шаҳри Ваҳдат якчанд ҳолатҳои ғайриқонунии буриши дарахту буттаҳо ва кашонидани ҳезум аз ҳудуди хоҷагии ҷангал ва резервати биосферии Ромит бо тариқи автомошинаҳо ошкор карда шуда, нисбати қонунвайронкунандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои баррасӣ ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат фиристода шуд.
Чунин корҳои назоратӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳри ҳифзи олами набототу ҳайвонот тақвият дода шуда истодаанд.

Иловаи шарҳ