- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Мавсими тухмгузории моҳиҳо зери назорати доимии мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист қарор дорад

Тибқи маълумоти шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсими айни ҳол мавсими тухмгузории моҳиҳои кулу дарё ва обанборҳо мебошад. Сардори шуъбаи номбурда Ҳамроқул Аҳроров иттилоъ дод, ки марҳилаи тухмгузорӣ  аз 1 апрел то 15 июн давом мекунад ва дар ин давра сайди моҳӣ манъ карда шудааст.

Аз ҷониби нозирони самти ҳифз ва истифодаи олами набототу ҳайвоноти мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист дар давраи манъи сайди моҳӣ 2 парвандаи тартибдодашуда, бамақомоти дахлдор супорида шуд. Хамзамон 15 адад ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор ва протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шудааст.

Иловаи шарҳ