- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Тозагии роҳравҳои пиёдагард дар шаҳри Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан, дар доираи аксияи «Тозагии маҳал» шанбегӣ бо шиори «Тозагии роҳравҳои пиёдагард» баргузор гардид. Дар фасли тирамоҳ аз ҳисоби рехтани баргҳои дарахтони қади роҳ ҷӯйбору роҳравҳои пиёдагарди шаҳр бо хазон ифлос мегардад. Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан якҷоя бо шуъбаи маориф баҳри пешгирии қонунвайронкуниҳо ва ифлос намудани ҳавои атмосфера бо моддаҳои зараровар аз ҳисоби сӯзонидани барги хушки дарахтон чунин чорабинӣ ба амал омад.

Дар аксия 15 адад муассисаҳои таълимии шуъбаи маорифи шаҳр иштирок намуда, аксарият роҳравҳои пиёдагарди кӯчаҳои асосӣ, аз ҷумла, зиёда аз 6 км ҷӯйборҳои қади роҳи нақлиётгард тоза карда шуданд.

Минбаъд бахши ҳифзи муҳити зист ният дорад, ки чунин амалиётро бо иштироки шаҳрвандон баргузор намояд ва хазони ҷамъгардидаро онҳо ҳамчун хошок барои хӯроки моли худ истифода баранд.

Иловаи шарҳ