- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоил Ҳамзаалиев, бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» ташкил ва баргузор гардиданд. Баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар чорабиниҳо беш аз 300 нафар аҳолии ҷамоат, аз он ҷумла соҳибкорон иштирок намуда, корҳои назаррас ба сомон расонида шуд. Минтақаҳои маҳалли зист, қади роҳ ва заминҳои кишоварзӣ, атрофи биною иншоотҳо аз партовҳо тоза карда шудаанд.

Ҳамзамон, зиёда аз 3 километр ҷӯйбор ва сой аз ҳаргуна партовҳо тоза гардида, дар маҷмӯъ 16,4 тонна партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуданд.

Иловаи шарҳ