- Хабарҳо

Иштирок ва бозии тими футболи Кумита дар лигаи ғайрикасбии “Serie A” дар шаҳри Душанбе

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар таҳти Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар соҳаҳои мамлакат соҳаи варзиш низ рушду  пешрафти бесобиқ намуд.

Имрӯз бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва солимнигоҳдории аҳолӣ тамоми шароитҳои мавҷуда фароҳам оварда шудааст ва ҷалби ҷавонон низ ба намудҳои варзиш сол то сол  зиёд гашта истодааст.

Бо фармоиши Раиси Кумита аз 03 июни соли 2020, №51  Шӯрои ҷавонони  Кумита таъсис дода шудааст. Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои ҷавонони Кумита барои соли 2020, ки тибқи он тими Кумита оид ба футбол таъсис дода шуд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мусобиқоти мазкур санаи 17 октябри соли ҷорӣ дар яке аз толорҳои варзишии шаҳри Душанбе аввалин бозии тими Кумита дар лигаи ғайрикасбии “Serie A”-и   лигаи футзали  Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар он бозингарони Кумита бо футболбозони Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон соати 14:00 бозӣ мекунанд.

Сабқат байни 11 даста байни вазорату идораҳо тули 2 моҳ гузаронида мешавад.

Иловаи шарҳ