- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Фаъолияти Кумита дар 9 моҳи соли 2020 натиҷагирӣ карда шуд

6 октябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Мушовараи Кумита оид ба натиҷагирии фаъолияти 9-моҳаи соли 2020 ва натиҷаҳо барои ҷамъбасти сазовори соли ҳисоботӣ баргузор гардид. Дар он сардорони раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо, марказҳои Дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони лоиҳаҳои татбиқшаванда, сардорони Раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорони Агентии обуҳавошиносӣ ва МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» иштирок намуданд.  

Баъд аз муайян кардани регламенти кори ҷаласаи Мушовара аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оид ба фаъолияти 9-моҳаи сохторҳои  Кумита муовини Раиси Кумита Қиёмзода З. С. маърӯзи ҳисоботӣ намуд. Зимни баромади Қиёмзода З. С. бурду бохти ҳар як сохтори фаъолияткунанда ба таври мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар муҳокимаи масъала Раиси Кумита Шерализода Б. А. иштирок намуда, ба сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ, шуъбаҳои назоратӣ дастур дода шуд, ки дар таҳлил ва пешниҳоди ҳисоботҳо масъулиятшинос бошанд ва нишондиҳандаҳои фаъолияти самтҳоро амиқан санҷида, маълумоти мушаххас пешниҳод намоянд.  Ҳамзамон қайд гардид, ки тамоми супоришҳои  ба мақомоти маҳалии ҳифзи муҳити зист додашуда барои  протоколи ҷаласаи Мушовара, на ба таври умумӣ, балки ба таври мушаххас ва бо назардошти муҳлати муқарраргардида бояд дарҷ карда шавад. Раиси Кумита дар асоси ҳисоботи пешниҳодгардида аз масъулони шуъбау бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сабабҳои пурра иҷро нагардидани нақшаҳои пардохти ҳатмии экологӣ, паст будани нишондиҳандаҳои фаъолияти самтҳои назоратӣ ва дигар супоришҳои ба онҳо марбутаро пурсон шуд. Бо машварати аъзои Мушовара ба масъулони соҳавие, ки дар фаъолияти худ ба камбудиҳои бештар роҳ додаанд, муҷозотҳои маъмурӣ татбиқ карда шуд.

Дар ҷаласаи Мушовара сардорони шуъбаҳои назоратии Дастгоҳи марказии Кумита, директори Агентии обуҳавошиносии Кумита, сардорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти  вилоятҳо, шаҳри Душанбе доир ба самтҳои фаъолияти худ гузориш дода, пешниҳодҳо ироа намуданд.

Раиси Кумита қайд намуд, ки ҳар як корманди мақомоти соҳавиро зарур аст фаъолияти пурсамар нишон диҳад. Чунки моро зарур аст  ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  бо натиҷаҳои назаррас истиқбол намоем.

Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори ҷаласаи Мушовара  қироат карда шуд ва баъди ба имзо расидан барои корбарӣ ба тамоми сохторҳои дахлдори тобеи Кумита ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ фиристода мешавад.

Иловаи шарҳ