- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Фаъолияти Муасиссиҳои зерсохтори Кумита дар нуҳмоҳи соли 2020 натиҷагирӣ карда шуд

5 октябри соли 2020 ҷаласаи якҷояи Муассисаҳои давлатии Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ, Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи табиат ва Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори конфронсии Кумита баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини Раиси Кумита Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ва роҳбарону кормандони марказҳои боло зикр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳо «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Марказҳо дар нуҳмоҳи соли 2020 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти  семоҳаи чоруми  соли 2020 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

Дар рафти маърӯзаи ҳисоботӣ фаъолияти Марказ ва натиҷаҳои ба дастомада аз ҷумла таҳияи консепсияҳои стратегияҳои миллӣ доир ба нигоҳдории гуногунии биологӣ, доир ба нигоҳдории гуногунии агробиологӣ ва қавигардонии системаи бехатараиии биологӣ, таҳияи лоиҳаи қонунҳо доир ба бехатарии биологӣ, сарватҳои генетикӣ, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, таҳияи маводҳои чопию тарғиботӣ, видеофилмҳо ва корҳои амалӣ дар давраи ҳисоботӣ иҷро гардида ҳисоботҳо манзур карда шуд.

Доир ба натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ роҳбари Лабораторияи илмӣ тадқиқотии ҳифзи табиат ва ходими илмӣ доир ба корҳои амалӣ гардида ва натиҷаҳо, аз ҷумла таҳияи барномаҳои давлатӣ доир ба ҳифзи муҳити зист, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ доир ба омӯзиши ҳолати набототу чарогоҳҳои баландкуҳо, таҳияи маводҳои чопию таблиғотӣ доир ба ҳифзи муҳити зист, баромадҳо тариқи ВАО, мақолаҳои илмӣ, дастуру супоришҳои Кумита бо маърузаҳо баромад ва ҳисобот манзур намуданд.

Дар ҷаласа инчунин ҳисоботи роҳбари Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист шунида шуд. Дар ҳисобот доир ба натиҷаҳои бадастомада дар самти таҳия таснифу минтақабандии манзараҳои табии Тоҷикистон, минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ, таҳияи маводҳои иттиолотӣ доир ба ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, таҳияи маводҳои таблиғотӣ доир ба мавзеъҳои обию ботлоқии Тоҷикистон ва иҷрои Конвенсияи Рамсар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот манзур карда шуд.

Дар муҳокимаи масъалаҳо Муовини Раиси Кумита Қиёмзода З.С. доир ба саҳеҳ ва мушаххас будани маълумотҳо, истифодаи натиҷаҳо дар таҳияи барномаву стратегияҳои миллӣ, тайёр намудани кадрҳои ҷавон ва ҷоннок намудани натиҷаҳои корҳои илмӣ ва дастраси омма гардонидани натиҷаи корҳои илмӣ тариқи сомонаҳои интернетии Кумита ва Марказҳо як зумра пешниҳоду таклифотҳо намуд.

Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида бо таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда, қарори дахлдори ҷаласа қабул гардида ба роҳбарон ва кормандони Марказҳо ҷиҳати иҷрои саривақтӣ дастуру супоришҳои аз мақомоти болоӣ додашуда бомуваффақият ва саривақт ба иҷро расонидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Иловаи шарҳ