- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 октябр  дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини  Раиси Кумита Қиёмзода З. С.  кормандонро ба Иди забон табрику таҳният намуда,  аз ҷумла қайд кард, ки забон ин муҳимтарин воситаи муносибати шифоҳӣ ва хаттии одамон буда, тавассути он фикру ақида, дархосту пешниҳод, орзуву омол иброз мегардад. Мавсуф ҳифзи асолати арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забони давлатро дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат хосатан қайд намуд. Гуфта шуд, ки забони модарӣ ба сифати забони давлатӣ  аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Сипас муовини сардори Маркази ахбори экологӣ, котиби масъули Комиссияи забони Кумита Ибодулло Сангов оид ба мақому аҳамияти забони давлатӣ  маърӯза намуд.

Зимни баромадҳо  зикр карда шуд, ки дар замони муосир, ки илму техника ба таври кайҳонӣ рушд намудаву бархурди тамаддунҳоро ба вуҷуд овардааст, зарурати ҳифзу нигаҳодшти муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла асолати забони давлатӣ беш ҳар ҳарвақта муносибати ҳар як фарди худогоҳ ва дар маҷмуъ чораҳои маъмуриву ҳукуматиро тақозо менамояд.

Таъкид карда шуд, ки  кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, бахусус хизматчиёни давлатӣ бояд таъриху фарҳанг, забони миллии худро дар сатҳи зарурӣ азхуд кунанд, донишу маҳорати забондонии хешро сайқал диҳанд, то ки ҳуҷҷатҳои омодасохтаи онҳо ба талаботи сохтору имлои забони тоҷикӣ ҷавобгӯ бошанд. Ҳамзамон, дар шароити ҷаҳонишавӣ, васеъ гаштани мақоми  иттилоотии ҷаҳонӣ  тариқи шабакаҳои интернету алоқаи маҳворавӣ  кӯшиш ба харҷ дода, дар қатори донистани забони давлатӣ, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан русию англисӣ  диққати бештар диҳанд ва донишу ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.

Иловаи шарҳ