- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

4 октябр – Рӯзи муҳофизати ҳайвонот

Ҳифзи олами ҳайвонот – вазифаи муқаддаси ватандорӣ мебошад

Олами гуногунии биологии Тоҷикистон ҳеле ғанӣ ва нотакрор аст. Дар ҳудуди начандон калони ҷумҳуриамон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст. Бештари онҳо дар экосистемаҳои кӯҳӣ сукунат гирифтаанд. Дар мавзеъҳои водию пешкӯҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои диёрамон намудҳое паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич пайваста ҳаёт мебаранд. Мониторинги солҳои охир далел мешаванд, ки дар зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми намудҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд.

Дар Рӯзи муҳофизати ҳайвонот, ки дар тамоми қаламрави давлатҳои пешрафта қайд карда мешавад, хотиррасон шудан аз олами бойи гурӯҳи моҳиҳо лозим аст.

Айни ҳол дар обанборҳои ҳавзаи Сирдарё, пас аз бунёд шудани обанборҳои Фарҳоду Баҳри Тоҷик дар зери таъсири омилҳои гуногуни табиӣ ва фаъолияти инсон миқдори захираҳои моҳӣ коҳиш ёфтааст. Аз тарафи коршиносони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд муайян гардидааст, ки дар обанборҳои ҳавзаи Сирдарё, ҳудуди вилояти Суғд, айни ҳол беш аз 40 намуди моҳиҳо вомеҳӯранд, ки ба 13 оила мансубанд. Аз ин 15 — 20 намуди моҳӣ аҳмияти шикорӣ дошта, аз тарафи истифодабарандагони захираҳои табиӣ сайд карда мешаванд. Маълумоти илмӣ — таҳқиқотӣ шаҳодат медиҳад, ки ин намуди моҳиҳо ба шароити иқлими вилоят мутобиқ шуда, афзоиши табиӣ меёбанд ва миқдоран зиёд гардида, ба гурӯҳи моҳиҳои сайдшаванда ворид мешаванд.

Аммо баъзе намудҳои моҳиҳои маҳаллӣ ҳастанд, ки миқдоран кам гашта, зери хатари маҳвшавӣ қарор гирифтаанд ва ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудаанд. То кунун ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 намуди моҳиҳо ворид карда шудааст, ки аз он 10 намуд танҳо дар Сирдарё сукунат доранд.

Иловаи шарҳ